Эмомалӣ Раҳмон: «Дар даҳ соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисоди миллии мамлакати мо дар сатҳи 7,6 фоиз таъмин гардид»

Октябрь 14, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистони муосир дорои иқтисодиёти босуръат тараққиёбанда, рушди боэътимоди муносибатҳои байналмилалӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад. Дар даҳ соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисоди миллии мамлакати мо дар сатҳи 7,6 фоиз таъмин гардид. Чунин изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025».

Пешвои миллат баён доштанд, ки «солҳои охир мо ислоҳоти фарогирро, ки ба таҳкими устувории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ нигаронида шудаанд, амалӣ намудем».

Ба иттилои Сарвари давлат, танҳо соли 2024 ба иқтисоди миллӣ ба маблағи зиёда аз 5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва 2,5 миллиард доллар сармояи ватанӣ ворид гардид. Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 5 миллиард доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки иқтидори бузурги гидроэнергетикие, ки аз рӯи ҳаҷм дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол мекунад ва барои энергияи «сабз» имконияти азим мекушояд, инчунин  захираҳои ғании маъдан ва сарватҳои муҳимми стратегӣ, аз ҷумла тилло, нуқра, мис, литий, сурма, руҳ ва волфрам, ки талабот ба онҳо барои «гузариши сабз» зиёд аст, аз ҷумлаи афзалияти мамлакати мо маҳсуб мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид