Эмомалӣ Раҳмон: «Таҷлили Меҳргон далели эҳтиром ба фарҳанги қадима ва суннатҳои созандаи миллати тоҷик аст»

Октябрь 19, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 19.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Иди Меҳргон таъкид намуданд, ки таҷлили ин ҷашн ҳамчун ойини миллии ниёгон далели эҳтиром ба фарҳанги қадимаи тоҷикон ва эҳёи арзишҳои созандаву накуи он мебошад.

Пешвои миллат тазаккур доданд, ки аз давраҳои қадим гузаштагони мо кишоварзу боғдор буданд ва дар баробари корҳои деҳқонӣ одобу русум ва суннатҳои маънавии неку созандаро ба мерос гузоштаанд. Ба ҳукми анъана даромадани таҷлили Меҳргон ва дигар ойинҳои мардумӣ далели он аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик рӯ ба арзишҳои фарҳангии гузашта оварда, густариши онҳоро вазифаи бошарафи худ мешуморад.

Иброз гардид, ки идома додани суннату анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи обу замин ва дигар сарватҳои табиат, дар шароити имрӯза вазифаи бисёр муҳим мебошад.

Президенти мамлакат аз кишоварзон даъват ба амал оварданд, ки бо масъулият ба ҷамъоварии пурраи ҳосил, захираи маҳсулот, кишти тирамоҳӣ ва гузоштани замина барои ҳосили фаровони соли оянда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то бозори истеъмолии кишвар, хусусан дар фасли зимистон, бо маҳсулоти озуқа таъмин гардад.

Сарвари давлат ҳамчунин изҳор доштанд, ки вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ ва омилҳои дигар дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон боиси болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ мегарданд. Аз ин рӯ, таъкид карда шуд, ки ҳамаи масъулон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бояд барои таъмини амнияти озуқавории кишвар бештар аз ҳар вақт заҳмат кашанд, истеҳсол ва захираи маҳсулотро афзоиш диҳанд.

«Бо густариш додани ойину ҷашнҳои миллати бостониямон ва дигар суннатҳои неки мардумамон мо бояд минбаъд низ тамоми саъю талоши худро ба хотири рушди кишвар, ободии Ватан, дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани обрӯи давлат ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии халқамон равона созем», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 19, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ