Пагоҳ ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор мегардад

Октябрь 14, 2025 14:16

ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иттилоъ дод.

Султон Раҳимзода афзуд, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Қатар дар соҳаҳои гуногун, хусусан иқтисоду тиҷорат беш аз пеш густариш меёбад. Қатар яке аз сармоягузороне аст, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад ва дар ин зимн таваҷҷуҳи зиёд дорад. Иштироки Вазири давлатии  Қатар дар Форуми байналмилалии сармоягузории  «Душанбе Инвест-2025» шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи сармоягузорони ин кишвари арабӣ  қарор дорад.

«Бо сармоягузории  Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе бузургтарин масҷид бунёд гардид, ки  дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Инчунин дар ҳамкорӣ бо Давлати Қатар дар Душанбе лоиҳаи “Диёри Қатар” татбиқ мегардад. Имрӯз фурсат  даст дод, ки бо ҷониби қатарӣ Пртоколи дуҷониба оид ба ворид гардидани иловаҳо ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба татбиқи лоиҳаи “Диёри Қатар” ба имзо расонем. Ин қадами муассир дар рушди ҳамкории ду давлат арзёбӣ мегардад»,- афзуд Султон Раҳимзода.

Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2025 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Баҳодур Шерализода ва Татяна Молчан Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологиро баррасӣ намуданд
Имконоти сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаи коркард ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ дар доираи ҷаласаи канорӣ баррасӣ шуданд
Абдулло Орифов: «Душанбе Инвест-2025» ба рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон ва тамоми минтақа такони ҷиддӣ мебахшад
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон ба маркази калидии нақлиётӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад»
Ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
ИНФРАСОХТОРИ «САБЗ» ВА ЭНЕРГИЯИ «ТОЗА». Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» чорабинии канорӣ доир шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар даҳ соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисоди миллии мамлакати мо дар сатҳи 7,6 фоиз таъмин гардид»
Узбекистон таҷриба дар самти франчайзингро дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-Инвест-2025» муаррифӣ менамояд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Дар доираи ин форум тақрибан 40 шартномаи сармоягузорӣ ба имзо мерасад
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ – 2025». Дар доираи ин форум якчанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» корҳои таъмиру навсозӣ идома доранд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон ба сармоягузорон зиёда аз 240 номгӯй кафолат ва имтиёзҳои гуногун пешниҳод менамояд»