«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ». Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди забони давлатӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, дар кори конференсия олимону донишмандон ва забоншиносон масъалаҳои муҳими рушди забони давлатӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони тоҷикӣ, таърихи забони миллӣ ва аҳамияти он ҳамчун рукни асосии бақои миллатро баррасӣ намуданд.
Иштирокдорони конференсия ҳамчунин дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ барои ҳифз ва густариши забони тоҷикӣ, ҳамкории муассисаҳои илмӣ дар ин самт ва нақши забонро дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ муҳокима намуданд.
Иброз гардид, ки забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба сифати забони давлатӣ, балки ба ҳайси забони илму фарҳанг ҳам амал намуда истодааст. Имрӯз ба ин забон асарҳои зиёди илмӣ таълиф гардида, аз забонҳои дигар ҳам асарҳои илмию техникӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд.
Таъкид гардид, ки чунин мақоми баланд ва аҳаммияти иҷтимоии забони тоҷикӣ моро водор месозад, ки ба таълиму омӯзиш, таҳқиқ ва истифодаи шоистаи забони тоҷикӣ бо як муҳаббати бепоёну масъулияти баланд муносибат намоем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо баён доштанд, ки: «Барои озодона бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтану суҳбат карда тавонистан, бояд ҳар як зиёии тоҷик на танҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа меҳисобад. Моро зарур аст, ки дар рушду густариши забони давлатиамон чӣ дар дохил ва чӣ хориҷ камари ҳиммат баста, кору иқдомоти марбут ба ин масъалаҳоро мунтазам дар тамоми қишри ҷомеа амалӣ намоем.
Иттилоъ дода шуд, ки кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар тамоми раванди рушди забони тоҷикӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар пайи амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат фаъолиятҳои босамар ва пажуҳишҳои назаррасе анҷом додааст. Заминаҳои илмиро барои омӯзиш ва таълими забони тоҷикӣ фароҳам оварда, бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориҳои илмии судмандеро ба роҳ мондаанд.
Натиҷаи кори олимону забоншиносон дар таҳияи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», таҳияи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», лоиҳаи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.
Забон яке аз муҳимтарин пояҳои ҳастии миллӣ ва нишонаи асили ҳувияти ҳар халқу миллат мебошад. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ на танҳо ҳамчун василаи муошират, балки ҳамчун рамзи миллӣ, ягонагӣ ва худшиносии мардум нақши басо муҳиму калидӣ пайдо кард.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАР. Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар таҳрири нав таҳия шудааст
2 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 филмҳои миллӣ дар платформаи нави синамоии «tojikfilm.tv» намоиш дода мешаванд
Китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба нашр расид
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Моҳи феврал лоиҳаи қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад
ТЕЛЕВИЗИОНИ РАҚАМӢ. Соли равон корҳои насби таҷҳизот ва такмили қисми техникӣ оғоз мегарданд






