РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд

Октябрь 11, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 11.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ташкилоту муассисаҳои низоми Агентии хоҷагии ҷангал дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба миқдори 247 ҳазору 774 бех ниҳоли павловния парвариш карда шудааст. Парвариши ниҳолҳои павловния дар ҷумҳурӣ то ба 100 ҳазор бех дар як сол дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Ба иттилои сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турдалӣ Арабов, парвариши ниҳоли павлония дар доираи татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» амалӣ мегардад.

Барнома бо мақсади бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния барои таъмини чӯби корӣ, захираи хӯроки чорво, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ, аз бодлесӣ нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ ва дар ин раванд саҳм гузоштан барои беҳтар намудани шароити экологии ҷумҳурӣ таҳия карда шудааст.

Ҷангалҳои Тоҷикистон асосан аз буттазор иборат мебошанд, ки аз онҳо гирифтани чӯби корӣ барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ имконият надорад. Аз ин лиҳоз зиёда аз 90-95 фоизи чӯби кории ҳамчун масолеҳи сохтмон истифодашаванда аз дигар давлатҳо ворид карда мешавад.

Ба иттилои Турдалӣ Арабов, бунёди плантатсияҳо аз дарахти зудафзоишёбандаи павловния бо истифода аз технологияҳои инноватсионии парвариш метавонад қисми асосии сиёсати сарфаи захираҳо ва ҳалли мушкилот вобаста ба истифодаи энергия ва бе таъсири хатарҳо ба муҳити зист гардад.

Барнома барои расидан ба ҳадафҳое, ки дар “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2020-2030”, “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” ва “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026” дарҷ гардидаанд, инчунин ба паст намудани сатҳи вобастагӣ ба масолеҳи сохтмонии воридотӣ мусоидат менамояд.

Тавре сардори шуъбаи бунёди Агентӣ иброз намуд, павловния хусусияти худбарқароршавӣ дошта, шинонидани дубораро талаб наменамояд. Он баъди ҳар буридан ва ё даравидан аз ҳисоби қисми решаи боқимонда мерӯяд. Давомнокии умри решаҳои он 70-100 солро дар бар мегирад, ки метавонад дар байни 4 ва ё 8-9 давраи ҳаштсола истифода шавад. Ин имкон медиҳад, ки раванди корҳои парвариши павловния бе хароҷоти аз нав шинонидани ниҳол ва коркарди замин дубора давом дода шавад.

Павловния хусусияти ултроафзоишӣ дошта, давоми 7-8 сол ҳаҷми афзоиши он ба 1 метри кубӣ мерасад, ки бо дигар намуди дарахтон муқоисанашаванда мебошад. Дарахти павловния бо афзоиши тези худ боигарии инсоният мебошад. Хокро солим ва аз эрозия барқарор намуда, ба кам шудани газҳои гулхонаӣ ва тозагии ҳавои атмосфера мусоидат менамояд. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд. 10 гектар павловниязор метавонад дар як сол то 275 тонна гази карбонат (CO2)-ро азхуд намуда, то 330 тонна гази оксиген хориҷ намояд, инчунин метавонад то 1000 тонна хокро аз шусташавӣ нигоҳ дорад ва то 25 ҳазор метри мураббаъ обро тоза намояд.

Гулҳои дарахти павловния накҳати хушбӯйи қавӣ дошта, беҳтарин шаҳд барои истеҳсоли асали молӣ мебошанд. Аз 1 гектар павловниязор то 800 кг асали молӣ ва аз ин бештар гирифтан мумкин аст. Бартарӣ он аст, ки дар парвариши павловния аз заҳрхимикатҳо тамоман истифода бурда намешавад.

Чӯби корие, ки аз дарахти павловния гирифта мешавад, аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, мулоим, ба оташ ва намӣ тобовар, сабук ва ба ҳашароти зараррасон устувор мебошад. Чӯбаш мулоим, вале беҳад ба қаткунӣ ва тобдиҳӣ устувор буда, маҳсулоти аз чӯби павловния тайёршуда шакли худро аз таъсири муҳит дигар намесозад. Чӯби павловнияро маъмулан барои сохтмони хона истифода мебаранд. Бартарияш он аст, ки зуд хушк мешавад, шакли худро дигар намекунад ва мустаҳкам буда, ба осонӣ намешиканад. Бо сабаби чандир ва мустаҳкам буданаш онро дар соҳаи мебелсозӣ истифода мебаранд.

Тамоми қисмҳои дарахти павлонияро ҳамчун ашёи хоми энергетикӣ барои таъмини гармӣ ва истеҳсоли биогаз истифода бурдан мумкин аст. Биогаз манбаи нави энергияи барқароршаванда буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқ мебошад.

Ҳамзамон зиёд намудани плантатсияҳо ва истеҳсоли чӯби корӣ, паст намудани сатҳи таъсири антропогенӣ ба ҷангалҳои табиӣ, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ (занбӯр онро аз гули павловния ҳосил менамояд), баланд бардоштани иқтисодиёти хоҷагиҳои ҷангал ва даромаднокии онҳо ба рушди иқтисодиёт ба воситаи ҷалби соҳибкорон ба соҳаи ҷангал, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ба воситаи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал ва таъминот бо маҳсулоти чӯбии ҷангал, баланд бардоштани нақши ҷангалҳо дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои ҷаҳонӣ оид ба коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мусоидат менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 11, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар самти муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили лимӯ оғоз шуд
Имсол ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 40 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Байни Тоҷикистон ва Русия дар самти амнияти иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазирони рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Русия амалисозии Харитаи роҳ оид ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро зарур шумориданд
Доир ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нақлиёт санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон барои рушди зеҳни сунъӣ тадбирҳои амалӣ меандешад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Шумораи сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст»
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар самтҳои рақамикунонии соҳаи сохтмон баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 29 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст
Дар ҷаласаи 86-уми Кумита оид ба рушди шаҳрсозӣ, манзил ва идоракунии замин стратегияи рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон муаррифӣ шуд