Сарвари давлат: «Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи Тоҷикистон солҳои охир рӯ ба афзоиш дорад»

Октябрь 15, 2025 08:28

ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан сабзавоту меваҷот ба хориҷи мамлакат солҳои охир тамоюли афзоиш касб намудааст. Ин матлабро 14 октябр зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон дорои ҳамагӣ 1 миллион гектар замини корам ва боғҳо, аз он 712 ҳазор гектар замини обӣ мебошад. Бо назардошти ҳамасола 2,5 фоиз афзоиш ёфтани аҳолӣ ва ба 10,7 миллион нафар расидани аҳолии мамлакат аз ин миқдор замин бо гирифтани 2-3 ҳосил, яъне самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замин амнияти озуқавории мамлакат бо маҳсулоти асосии ғизоии истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла картошка, гӯшт, тухми паранда, сабзавот ва меваҷот пурра таъмин гардида, таъминот бо биринҷ ба 90 фоиз расонида шудааст.

Сарвари давлат пайваста дар суханрониҳо таъкид менамоянд, ки барои пурраю самаранок истифода намудани заминҳои корам ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат бояд тадбирҳои мунтазам андешида шаванд. Ҳар қитъа замини корам бояд самаранок истифода бурда шавад, вагарна дар шароити афзоиши мунтазами аҳолӣ ва торафт зиёд гардидани талабот ба маводи ғизоӣ мо ба фаровонии маҳсулот ва коҳиш додани нархи он дар бозорҳо муваффақ шуда наметавонем. Фаромӯш набояд кард, ки аз заминҳои обӣ дар як сол то се ҳосил гирифтан мумкин аст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2025 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад