Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Кӯлоб беш аз 26 миллион сомонӣ зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 23.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Кӯлоб 382 миллиону 679,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 26 миллиону 409,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.
Дар айни замон кишоварзони шаҳри Кӯлоб аз тамоми техникаи мавҷуда истифода бурда, ба маъракаи шудгору кишти тирамоҳӣ вусъат бахшидаанд. Онҳо мақсад доранд, ки рӯзҳои наздик нақшаи и кишти тирамоҳиро бо сифати баланд анҷом диҳанд.
Дар ин рӯзҳо кишоварзони мамлакат бо истифода аз техникаҳои муосири кишоварзӣ ва дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлими минтақаҳо мутобиқ дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба шудгору кишти ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ вусъат мебахшанд.
Дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб 701 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд. Бештари онҳо ба пахтакорӣ, зироаткорӣ, моҳипарварӣ ва дигар самтҳои хоҷагидорӣ машғул мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд






