Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид

Ноябрь 6, 2025 16:40

 ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Конститутсия – пойдевори давлати ҳуқуқбунёд» таҳти чунин унвон дар толори  «Истиқлоли давлатӣ» -и Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия сайри осорхонавӣ ташкил карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки ба ифтихори ҷашни 31 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи миллӣ то 6 ноябр барои меҳмонон сайри осорхонавии ройгонро дар толори «Истиқлоли давлатӣ» баргузор менамояд.

Дар ҷараёни баргузории сайри осорхонавӣ,  аз ҷониби  мутахассисони шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллӣ  оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  зарурати қабули он, давраҳои таърихии ворид намудани тағйиру иловаҳо, аҳамияти таърихӣ ва иҷтимоии он маълумоти мукаммал пешниҳод гардид.

Таъкид шуд, ки Конститутсия барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон на танҳо маҷмӯи қонунҳо, балки рамзи истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Ба иштирокдорони сайри  осорхонавӣ  гӯшаи доимоамалкунандаи муқаддасоти миллӣ, ки дар он Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба экспозитсия бароварда шудааст, муаррифӣ гардид.

Роҳбаладон  нақши боризи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳияи лоиҳаи Конститутсия ва роҳбарии Комиссияи конститутсионӣ махсус таъкид намуданд.

Гуфта шуд, ки 6 ноябри соли 1994  нахустин маротиба  дар таърихи давлатдории навини тоҷикон раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсия баргузор шуд, ки беш аз 87 фоизи шаҳрвандон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуданд. Ин дастгирии мардум аз Конститутсия далели эътимоди комили халқ ба ислоҳоти конститутсионӣ буд.Баъди  қабули Конститутсия, бо талошҳои Сарвари давлат ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, кишвар ба марҳалаи нави рушд ворид шуд. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ амалӣ шуданд, ба такмили давлатдорӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат намуданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маҷмӯи қонунҳо, балки як унсури асосӣ рушди ҷомеа буда, ҳамроҳи он рушд карда, ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як шаҳрвандро кафолат медиҳад ва ҳамчун пойдевори устувори сулҳ, субот ва шукуфоии кишвар хизмат менамояд. 

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон  

 

Ноябрь 6, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад