«ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ». Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-адабӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-адабӣ ва маросими рӯнамоии китоби «Чеҳраи миллат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода иброз намуд, ки ҳар ҷавони тоҷик бояд аз таърих, тамаддун ва қаҳрамонони миллати хеш огоҳ бошад. Ба қадри ободию осоиштагие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат фароҳам овардаанд, бирасад.
Иттилоъ дода шуд, ки барномаи фарҳангӣ-адабӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Маҷмуаи «Чеҳраи миллат» аз чор ҷилд иборат буда, дар он осори чор шоири халқии Тоҷикистон — Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло ва Давлат Сафар гирдоварӣ гардидааст.
Китоби «Чеҳраи миллат» таҷассумгари руҳи созанда, меҳанпарастӣ ва худогоҳии миллии халқи тоҷик буда, ба оммаи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт






