Дар Суғд ба 60 нафар занони ҳунарманд гранти Раиси вилоят супорида шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр ба 60 нафар занони ҳунарманди вилояти Суғд гранти Раиси вилоят супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии занони ҳунарманд соли равон 60 гранти Раиси вилоят дар ҳаҷмҳои гуногун аз 5000 то 10 ҳазор сомонӣ таъсис дода шудааст.
Ба комиссияи грантҳои Раиси вилояти Суғд 105 лоиҳа пешниҳод гардид, ки беҳтаринҳо дастгирӣ ёфтанд. Дар доираи лоиҳа, беш аз 650 нафар занону духтарон бо омӯзиш ва фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифта мешаванд.
Иброз шуд, ки занони ҳунарманд ният доранд, ки бо истифода аз маблағи грантӣ доираи фаъолияти коргоҳҳои худро васеъ намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон дар вилоят 288 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла 108 маркази атласу адрасбофӣ фаъолият доранд. Дар ин марказҳо беш аз 30 ҳазор занону духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ машғуланд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 грант ба андозаи 15 миллион сомонӣ расонида шуд (соли 2024 120 грант ба маблағи 5 миллион сомонӣ), яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд.
Соли 2025 аз вилояти Суғд 39 нафар занони фаъол бо пешниҳоди лоиҳаҳои худ соҳиби гранти президентӣ гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






