Филми «Моҳӣ дар шаст» дар синамоҷашнвораи «Парвонаи алмосӣ» ба сегонаи беҳтаринҳо роҳ ёфт

Ноябрь 29, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар хонаи синамои Никита Михалкови шаҳри Москва маросими бошукуҳи ҷоизасупории «Парвонаи алмосӣ» («Бриллиантовая бабочка») баргузор гардид. Зимни он дар байни филмҳои беҳтарин  филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Эрон «Моҳӣ дар шаст» дар ду бахш ба сегонаи беҳтаринҳо ворид гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти «Довфилм» хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» аз байни 34 филме, ки аз 17 кишвари ҷаҳон ба ин синамоҷашнвораи байналмилалӣ пешниҳод гардида буд, дар бахшҳои «Беҳтарин нақши дуюми мардона» ва «Беҳтарин коргардон» ба қатори сегонаи  беҳтарин роҳ ёфт.

Ҷоизаи «Парвонаи алмосӣ» нахустин иқдоми бузург дар муттаҳидсозии ҳунармандони АвруОсиё ба шумор меравад. Иштироки синамогарони тоҷик дар он қадами муҳим барои муаррифии фарҳанг ва синамои мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» истеҳсоли муштараки Тоҷикистону Эрон буда, соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон наворбардорӣ гардидааст.

Филм аз рӯзгори Далер ном тарбиятгирандаи мактаб-интернат, ки дар суроғи модараш ба сафари тӯлонӣ мебарояд, қисса мекунад.

Коргардон ва таҳиягари филм Муҳиддини Музаффар буда, филмномаро Бахтиёр Каримов навиштааст. Дар нақшҳои марказӣ Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ намудаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти «Довфилм»

 

Ноябрь 29, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт