Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пахтакорони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии солонаи пахтаро дар соли 2025 пурра иҷро намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Соли равон кишоварзони вилояти Хатлон дар 108 ҳазору 265 гектар пунбадона кишт намуда, то имрӯз беш аз 254 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карданд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2024 127 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.
Имрӯз зимни ҳамоиш ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқбол аз ин дастоварди арзандаи кишоварзон, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта далели заҳмати шабонарӯзӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқати сокинони вилоят ба Ватани маҳбубамон мебошад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки соли равон ҳосилнокии миёна аз ҳар гектари замини кишти пахта 23,4 сентнерро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 11,7 сентнер зиёд аст.
Таъкид гардид, ки ин натиҷаҳо аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи деҳқонон, риояи агротехникаи замонавӣ ва истифодаи тухмиҳои хушсифат шаҳодат медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2026 нақшаи кишти пахтаи зериплёнка зиёда аз 50 ҳазор гектар пешбинӣ карда мешавад.
Дар ин рӯз як зумра кишоварзони вилоят бо “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои арзиманд қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






