«САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Данғара иқдом баргузор шуд

Ноябрь 14, 2025 09:21

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон 12 ноябр аз ҷониби кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Садоқат ба Пешвои миллат» иқдоми ватандӯстона гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар медиҳад.

Гурӯҳҳои ихтиёрии донишҷӯён ва омӯзгорон байни сохторҳои маҳаллӣ, муассисаҳо, кӯчаҳо ва роҳравҳои марказии ноҳияи Данғара ҳаракат намуда, бо шаҳрвандон мулоқот оростанд. Онҳо моҳияти Рӯзи Президент, нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва пешрафти устувори мамлакатро фаҳмониданд.

Иштирокчиёни иқдом бо шиорҳои «Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан», «Пешвои миллат – ифтихори ҳар тоҷик» ва «Бо Пешвоем, ки Тоҷикистонамон обод аст» маънавияти баланди ватанпарастиро тарғиб намуданд.

Ин иқдом на танҳо ифодаи эҳтиром ва миннатдории кормандону донишҷӯён ба Пешвои миллат аст, балки нишондиҳандаи садоқат, ваҳдат ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ нисбат ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.

Иқдоми «Садоқат ба Пешвои миллат» бо руҳияи болида ва якдилона анҷом ёфта, бори дигар собит сохт, ки насли ҷавон дар атрофи Пешвои худ муттаҳид буда, барои пешбурди ҷомеаи обод ва муосири тоҷикон кӯшиш менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара 

 

Ноябрь 14, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад