Туҳфаи Пешвои миллат-«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба шаҳри Левакант расид
ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақсими шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавӣ — «Шоҳнома» ба ҳар хонадони мамлакат идома дорад. Ин туҳфаи маънавии беназир ба шаҳри Левакант низ расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар доираи ин иқдом дар ду ҷамоати деҳот ва як Ҷамоати шаҳрак ин шоҳасар ба 8479 оила тақдим карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо ҳамоҳангии сохторҳои дахлдор корҳои ташкилиро барои тақсими ин туҳфаи маънавӣ дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст.
Зимни дарёфти ин туҳфаи пурқимат сокинон изҳор доштанд, ки иқдоми Пешвои миллат намунаи олии таваҷҷуҳи давлат ба арзишҳои миллӣ ва эҳёи фарҳанги боифтихори ниёгон мебошад.
Таъкид гардид, ки «Шоҳнома» мактаби бузурги худшиносию хирад аст. Тақдими он ба ҳар хонадон имконият фароҳам меорад, ки ҳар аъзои ҷомеа аз таъриху ҳувияти миллӣ огоҳии амиқтар пайдо кунад.
Ёдовар мешавем, ки ин иқдоми наҷиб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он, пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстию ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад.
Дар идомаи татбиқи ин ташаббуси маънавии миллӣ соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мешавад. Ин озмун, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир мегардад, бо мақсади таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи осори адабии ниёгон ташкил карда мешавад.
Сарпарасти озмун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои мукофотонидани ғолибон аз Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант













Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт






