Вобаста ба саҳми Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ конференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат хабар доданд.
Иброз гардид, ки бо шарофати фазои мусоиди соҳибистиқлолӣ имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мустақилонаи китобдориро бо дастовардҳои назаррас зина ба зина татбиқ менамояд, ки дар ин самт саҳми Пешвои миллат беандоза бузург аст.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат фаъолияти китобдорӣ дар мамлакат боло рафта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушди соҳаи китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи анъанаи эҳтирому бузургдошти китобу китобхонӣ корҳои шоёни зиёде анҷом дода шуданд, ки бузургтарини онҳо бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ мебошад.
Бо мақсади бедор намудан ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханварию сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии мардум, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони мамлакат бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» доир гардиданд.
Ин иқдоми оқилонаи фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундрав барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона тадбири мубраму саривақтӣ ба шумор меравад. Зеро ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризона нахоҳанд шуд.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад






