Лоиҳаи «Барномаи маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Барномаи маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи навбатии лоиҳаи барнома бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ, ташаккули фарҳанги муносибати масъулона ба муҳити зист, ҷалби аҳолӣ, бахусус кӯдакону ҷавонон ба ҳифзи табиат ва рушди устувор равона гардида, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ барои солҳои 2026–2030 хизмат мекунад.
Иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба самтҳои афзалиятнок, механизмҳои амалисозӣ ва такмили муҳтавои ин барномаи нав мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои муфид баён намуданд.
Таъкид шуд, ки ҳама пешниҳодҳои манзуршуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳангоми такмили ниҳоии барнома ба инобат гирифта мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Барномаи маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030» аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд






