Дар шаҳри Минск деворнигора бахшида ба Домулло Азизов кушода шуд

Декабрь 18, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби миёнаи №35-и шаҳри Минск ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Домулло Азизов» маросими тантанавии ифтитоҳи деворнигора бахшида ба Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Домулло Азизов баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.

Дар чорабинӣ намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, мақомоти маҳаллии шаҳр, роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.

Зимни  маросим намояндагони ҷонибҳо дар бораи саҳми фарзандони тоҷик, аз ҷумла Домулло Азизов дар ғалабаи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва нақши онҳо дар таърихи озодкунии Ҷумҳурии Беларус сухан гуфтанд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Декабрь 18, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд