Эмомалӣ Раҳмон: ««Шоҳнома» сарчашмаи ҷовидонаи арзишҳои ҳувиятсози миллӣ ва андешаҳои ватандӯстиву истиқлолхоҳии тоҷикон мебошад»

Декабрь 31, 2025 10:06

ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Шоҳнома» сарчашмаи ҷовидонаи арзишҳои ҳувиятсози миллӣ ва афкору андешаҳои ватандӯстонаю истиқлолхоҳии тоҷикон мебошад ва бовар дорам, ки он ба таҳкиму тақвияти ҳисси миллии тамоми қишрҳои ҷомеаи мо такони ҷиддӣ мебахшад. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026.

Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки соли 2025 бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва худогоҳию хештаншиносии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ нашр ва ба ҳар оилаи мамлакат дастрас карда шуд.

Ба андешаи Пешвои миллат, тақвияти ҳувият ва ҳисси миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ҳимояи истиқлолу озодӣ барои халқи тоҷик амри ниҳоят муҳим мебошад. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ вазъе ба амал омадааст, ки ба арзишҳои миллӣ хатарҳои зиёд таҳдид мекунанд.

«Бо назардошти ин маҳз ба хотири пешгирӣ аз ин хатару таҳдидҳо мо  соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими ҳувият ва худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудем», – изҳор доштанд Сарвари давлат.

 

Декабрь 31, 2025 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд