«ҲИФЗИ МЕРОС». Бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҷаллаи илмӣ ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 07.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллӣ шумораи нахустини маҷаллаи илмии «Ҳифзи мерос»-и Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ.
Маҷалла бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардида, доираи васеи таърихнигорону бостоншиносони дохилу хориҷи мамлакатро бо дастовардҳои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар соҳаи бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ шинос менамояд.
Тавре директори агентӣ Шералӣ Хоҷазода иброз намуд, нашрия бароои муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ ба ЮНЕСКО, осорхонашиносӣ ва бостоншиносӣ барои доираи васеи мутахассисони таъриху фарҳанги миллӣ хизмат менамояд. Инчунин ба воситаи ин маҷалла таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мегардад.
«Ба маҷалла олимону мутахассисони касбии соҳавӣ ҳам аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам аз хориҷи мамлакат мақола пешниҳод намудаанд, ки самтҳои бостоншиносӣ, тармиму барқарорсозӣ, мероси моддӣ ва ғайримоддиро дар бар мегиранд», — афзуд директори агентӣ.
Ҳадафи таъсиси маҷаллаи «Ҳифзи мерос» ба шакли дуруст ва илман асоснокшуда дастрас намудани тамоми маводе аст, ки бевосита ба таъриху фарҳанги миллат марбутанд. Ин маҷалла дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо, таъриху фарҳангсозиҳои ҷаҳонӣ бояд дар самти ҳифзи мероси таърихӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ мавқеи муҳими соҳавӣ касб намояд.
Мақолаҳое, ки дар маҷалла интишор мегарданд, ба самти таърих, бостоншиносӣ, фарҳангшиносӣ, мероси хаттӣ, мероси моддӣ ва ғайримоддии миллати тоҷик равона гардидаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






