Пешвои миллат: «Барои гузаштан ба низоми 12-солаи таҳсил аз ҳоло чораҷӯӣ карда шавад»

Декабрь 16, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлилҳо, дар 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба 4 миллион нафар мерасад. Бинобар ин зарур аст, ки барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва мутобиқ гардонидани низоми таҳсил ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла омодагӣ барои гузаштан ба низоми 12-солаи таҳсил аз ҳоло чораҷӯӣ карда шавад. Дар ин хусус имрӯз Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ибрози назар намуданд.

Сарвари давлат дар ин самт Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки вазъи амалишавии «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030» – ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, тибқи ҳадафҳои нав такмил диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки бо мақсади ҳарчи зудтар ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани  соҳаи маорифи Тоҷикистон соли 2004 гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба низоми кредитии таҳсил оғоз гардид. Соли 2014 ҳама муассисаҳо ба ин низом гузаронида шуданд. Аз ин рӯ вақти он расидааст, ки бурду бохти ин низом аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлилу баррасӣ гардад.

Роҳбари давлат ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар муддати ду моҳ доир ба ин масъала ба Дастгоҳи иҷроияи Президент маълумоти муфассал пешниҳод намоянд. Ҳамчунин аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, барои боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд.

«Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносӣ вобаста аст», – баён доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 16, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?