Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 14.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи адабиёти классикии тоҷик — «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов расид. Тибқи нақша, ин туҳфаи пурарзиш ба 25 ҳазору 325 хонаводаи ноҳия аз ҷониби гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов иттилоъ доданд.
Ин иқдом ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳадаф аз он таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, боло бурдани худшиносию ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва фарҳангии гузаштагон мебошад.
Сокинони ноҳия ҳангоми дарёфти ин туҳфаи маънавӣ бо эҳсоси ифтихор изҳор доштанд, ки ин иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи руҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки нашри нави «Шоҳнома» дар ду ҷилд ва бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха ба табъ расидааст. Ин шоҳасар бо сифати баланд ва тарҳи зебо омода гардида, ба ҳар хонадони мамлакат ҳамчун рамзи худшиносии миллӣ тақдим мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов








Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд






