Вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҳамкориро рушд медиҳанд
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо муовини якуми Вазири молияи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдулмуҳсен бин Саад Ал-Халаф баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба рушди устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, идомаи ислоҳоти иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, таъмини шаффофияти буҷетӣ, барориши қоғазҳои қиматноки давлатӣ, аз ҷумла «сабз», густариши ҳамкорӣ бо ташкилоти бонуфузи молиявии байналмилалӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки исломии рушд, инчунин фондҳои Арабӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Муовини якуми Вазири молияи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдулмуҳсен бин Саад Ал-Халаф доир ба фаъолияти Фонди Саудии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Вазорати молияро барои идомаи мусоидат дар густариши фаъолияти фонд дар Тоҷикистон иброз намуд.
Ҳамзамон Абдулмуҳсен бин Саад Ал-Халаф омодагии Вазорати молияро барои ҷалби институтҳои молиявии Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ба монанди Бонки содиротию воридотии Арабистони Саудӣ, Фонди давлатии сармоягузорӣ, Гурӯҳи ҳамоҳангсози Араб, инчунин намояндагони бахши хусусии ин давлатро барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Тоҷикистон баён намуд.
Ҳамсуҳбатон дар фарҷоми мулоқот барои густариши ҳамкории мутақобили судманд байни вазоратҳои молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад






