Ба занону духтарони ноҳияи Рашт татбиқи стратегияҳои миллӣ фаҳмонида мешавад
РАШТ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, таҳкими муносибатҳои оилавӣ ва риояи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш бурда мешаванд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Бояд гуфт, ки ин стратегия ба баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки занон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, таҳкими оила ва таъмини баробарҳуқуқии гендерӣ равона шудааст.
Зимни вохӯриҳо аъзои гурӯҳҳои кории тарғиботӣ ба занону духтарони ноҳия масъалаҳои мусоидат ба шуғли занон ва рушди соҳибкории онҳо, ҷалби занон ба даврҳои омӯзишии касбӣ, иштироки занон дар машғулияту машваратҳои омӯзишӣ, бохабар гардидани онҳо аз имтиёзҳои давлатӣ ва дигар имконоти мавҷударо мефаҳмонанд.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рашт Тутинисо Наимова иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 20 зани ноҳия ба хотири рушд додани соҳибкории хурду миёна ва оғоз намудани фаъолият дар соҳаҳои занбӯрпарварӣ, ҳунармандӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ ва дигар касбҳо соҳиби грантҳои президентӣ гардиданд. Ҳамчунин соли 2025 дар ноҳияи Рашт 1227 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардид, ки 450 нафараш занон мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид






