Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд

Январь 12, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 12.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»  вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳо ва нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Паём – меҳвари рушди ҷомеа» ҳамоиш доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз «Саноатсодиротбонк» хабар доданд, дар ҳамоиш иҷрои нишондиҳандаҳо ва паҳлуҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «дар даҳ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 143 миллиард сомониро ташкил додааст. Вале ҳамагӣ 38 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки ин ҳанӯз кофӣ нест».

Дар робита ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллӣ ва ташкилоти қарзиро вазифадор намуданд, ки барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва боз ҳам зиёд намудани пешниҳоди қарз ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, ки барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ тадбирҳои муассиру судманд ба роҳ мондааст. Дар натиҷа тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мунтазам рушд ёфта, пояҳои давлатдории миллӣ устувор гардиданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Январь 12, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тавзеҳ дода шуданд
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад