Дар шаҳри Гулистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд

Январь 1, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 01.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.

Дар даври шаҳрии озмун 567 нафар довталаб, аз ҷумла 520  хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), 37 нафар омӯзгорон, калонсолон ва намояндагони гуногункасб иштирок намуда, дар доираи талаботи озмун оид ба азёд намудани осори манзум ва мутолиаи осори мансур малакаю истеъдод нишон доданд.

Дар натиҷаи баҳогузоии ҳайати ҳакамон ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муайян гардида, 75 нафар ба даври вилоятии озмун мувофиқ дониста шуд. Аз ин шумора 54 нафарро хонандагон, 6 нафарро донишҷӯён, 15 нафарро омӯзгорон, калонсолон ва намояндагони гуногункасб ташкил доданд.

Довталабони шаҳр дар даври вилоятии озмун соҳиби 4 ҷой ва дар даври ниҳоии озмун сазовори 2 ҷой гардиданд.

Ҳамчунин даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин даври озмун 255 р довталаб иштирок намуд. 58 нафар ғолиб дониста шуда, дар даври вилоятии озмун фаъолона иштирок намуданд.

Як зумра омӯзгорон бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», як гурӯҳ хонандагон бо шаҳодатномаи узви вобастаи Академияи хурди фанҳо ва ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» бо Диплом ва ҷоизаҳои пулӣ, омӯзгорони онҳо бо Сипоснома ва ҷоизаҳои пулӣ ва волидайн бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Январь 1, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд