ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин лоиҳаи бузурги энергетикаи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт татбиқ мегардад. Он марҳалаи навро дар рушди энергетикаи «сабз» ва инфрасохтори муосири мамлакат оғоз мебахшад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин замина 13 январ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Аён Энерҷӣ» Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид, ки сохтмон ва мавриди истифода қарор додани ду неругоҳи бузурги фотоэлектрикиро бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашт ва бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ҷайҳун дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки неругоҳи барқи офтобӣ бори аввал дар таърихи Тоҷикистон бо чунин иқтидори бузург амалӣ гардида, намунаи равшани гузариш ба истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия арзёбӣ мегардад.
Татбиқи лоиҳа дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид ва чорабиниҳои давлатии марбут ба рушди энергетикаи «сабз» амалӣ карда мешавад.
Неругоҳҳои офтобӣ ба тақвияти истиқлолияти энергетикии мамлакат, коҳиши норасоии мавсимии неруи барқ, хусусан дар фасли зимистон, сабук намудани сарбории низоми энергетикӣ ва таъмини устувори аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бо неруи барқ мусоидат менамоянд.
Дар доираи лоиҳа сармоягузор уҳдадор мешавад, ки корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани неругоҳҳои офтобиро давоми соли 2026 ба анҷом расонад.
Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 250 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин лоиҳа рамзи қадами ҷиддии Тоҷикистон ба сӯи энергетикаи «сабз», иқтисоди устувор ва ояндаи аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, барои ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






