РАҚАМИКУНОНИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар таҳрири нав таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 04.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидани солҳои 2025-2030 бо мақсади рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хбар доданд.
Гурӯҳҳои корӣ азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангиро дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ амалӣ намуданд. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3500 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва монументалӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин теъдод нисбат ба бақайдгирии соли 2018 120 адад зиёд мебошад. Ҳангоми пешбурди корҳои азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ кормандони Агентӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Бохтар, Норак, Ҳисор, Турсунзода, Истаравшан, Панҷакент, Ваҳдат Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шуғнон, Сангвор, Рашт, Лахш ва Нуробод зиёда аз 120 ёдгории бостонӣ ва монументалиро кашф намуданд, ки тибқи муқаррарот, ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
Ба иттилои директори агентӣ Шералӣ Хоҷазода, кашфи ёдгориҳои мазкур мавқеи дурусти Агентиро дар самти татбиқи сиёсати таъриху тамаддунпарваронаи Пешвои миллат ифода менамояд, зеро дар сарзамини Тоҷикистон ёдгориҳои кашфнашудаи таъриху фарҳанги миллӣ ҷой доранд. Ҳамчунин ҳангоми пешбурди корҳои азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат теъдоди зиёди мероси гуногуни таърихӣ: маводи нумизматӣ, зарфҳои сафолӣ ва сангӣ, маҳсулоти ғалладонагии давраи антиқа, ашёи хоҷагидорӣ, ороишоти занона ва мардонаи қиматбаҳо пайдо гардиданд, ки қисме аз онҳо имрӯз дар агентӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. «Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд», — иброз намуданд Пешвои миллат.
Ба ин хотир Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдодони худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.
«Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ эҳтиром ба таърихи халқи худ ва наслҳои минбаъда аст. Зеро онҳо таҷассумгари таъриху тамаддун ва фарҳанги мардуми тоҷик маҳсуб мешаванд», -афзуд директори агентӣ.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ чунин таъкид намудаанд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат-ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад».
Сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмуъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи миллати куҳанбунёдро ба ҳам васл менамоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ХУТАЛИ ҚАДИМ — ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 41 ҳазор нусха китобҳои камистифодашаванда ва нодир нигоҳдорӣ мешаванд
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
Бахшида ба фаъолияти эҷодии Дона Баҳром ҳамоиши илмӣ –фарҳангӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» эълон гардид
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад
Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Борбад яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст»






