Роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» навсозӣ мешавад

Январь 14, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 14.01.2026./АМИТ «Ховар»/. 162 километр роҳи мошингарди «Айнӣ — Кӯҳистони Мастчоҳ» навсозӣ мешавад. Дар ин иртибот байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати машваратии «NARCO – Dr. Nabeel Abdul-Raheem Consultants» -и Давлати Кувайт шартнома ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ширкати машваратии «NARCO – Dr. Nabeel Abdul-Raheem Consultants» (Кувайт) дар якҷоягӣ бо КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ – ПЛИН»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳаи дақиқи таҷдиди роҳи мошингарди «Айнӣ –Кӯҳистони Мастчоҳ» шуруъ карданд.

Қарордод оид ба хизматрасонии машваратӣ байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати NARCO — и Кувайт моҳи декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Намояндаи ваколатдори ширкати NARCO Аҳмад Маҳрус Аҳмад Муҳаммад Айш ба имзо расида буд.

Лоиҳаи дақиқи таҷдиди роҳ ҳуҷҷатест, ки он муайян мекунад, ки чӣ гуна ин иншоотро ба вижагиҳои нав мутобиқ кардан мумкин аст, аз ҷумла васеъкунии роҳ, навсозии низомҳои муҳандисӣ (пӯшиши роҳ ва инфрасохтори ҳамроҳ барои беҳтар сохтани хусусиятҳои техникии роҳ). Лоиҳа бояд шароит, маҳдудиятҳо ва ҳолати мавҷудаи иншоотро ба назар гирад.

Ёдовар мешавем, ки роҳи мошингарди «Айнӣ- Кӯҳистони Масчоҳ» солҳои 60-уми асри гузашта сохта шудааст. Он соли 2015 ба роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ табдил дода шуда, ба дастабандии (категорияи) V роҳҳои мошингард дохил гардид.

Тибқи таснифоти техникӣ, роҳ пас аз навсозӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ ва ба дастабандии IV дохил карда шуда, аз 2 хатти ҳаракат ва 2 қисмат иборат хоҳад буд.

Қисмати аввали роҳ аз ноҳияи Айнӣ то маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, деҳаи Меҳрон бо дарозии 80 километр ва қисмати дуюм аз маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ то деҳаи Деҳҳисори ҳамин ноҳия бо дарозии 82 километр тӯл хоҳад кашид. Дар масири роҳ бунёди 27 пули мошингард ва 405 қубури обгузар ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳа беҳдошти роҳҳои мошингарди минтақавӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон тавассути таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 14, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд