СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми сол дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинониро баргузор менамояд. Аз ҷумла, корҳои ободкорӣ ва сабзкорӣ дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук ва шаҳристони он оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Бояд иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хуталони қадим — шаҳри Ҳулбук имрӯз аз нав эҳё гардид.
Корҳои дарахтшинонӣ, ободкорӣ ва сабзкории ҳудудҳои Қасри бостонии Ҳулбук ва шаҳристони он дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҷлили 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳамчунин баргузории Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим пойгоҳи зуҳури забони форсӣ-тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» муташаккилона идома доранд.
Бояд иброз намуд, ки дарахтшинонӣ, поккории обҳои мавриди истифода қарорёфта, тозагии манзил, рабазу шаҳрҳо ва дар ҳамоҳангӣ бо табиат зистан, ҳамчун мероси накӯ аз ниёгон ба мо боқӣ мондааст.
Дарахтони ороишӣ ва сояафкани шинондашуда маҳз дар қитъи махсуси ниҳолхонаи Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» парвариш ёфта, ба ғайр аз худи муассиса, ҳамчунин ба дигар муассисаҳои эҳтиёҷманд бо тариқи ройгон туҳфа мегардад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат изҳор намуданд, «моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем».
Шаҳри Ҳулбук яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии замони давлати Сомониён буда, дар таърихи давлатдории халқи тоҷик мақоми хос дорад. Дар ин хусус меъмории бошукуҳ ва бозёфтҳои нодири бостонии он баръало шаҳодат медиҳанд.
Дар асрҳои миёна низ Хатлон давлати бузурги истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ (боғпарварӣ, навъҳои гуногуни меваҳои шаҳдбор, сабзавоткорӣ, ғалладона, чорводорӣ, пиллапарварӣ) ба шумор мерафт.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми ниҳолшинонӣ, ободкорӣ ва сабзкории ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат ба муносибати 35-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ идома меёбад.
Хотиррасон мешавем, ки 16 декабри соли 2025 зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид.
Сарвари давлат таъкид ва даъват намуданд, ки «ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозию давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави мамлакатро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад. Яъне ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватан кори неке анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад».
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд






