ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Январь 4, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 04.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2019 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амал мекунад. Дар доираи ин барнома барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан забони анлисӣ дар мамлакат чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи мазкур дар якҷоягӣ бо стандартҳои давлатии таҳсилот, ки тибқи қонунгузорӣ тасдиқ шудаанд, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ муайян менамояд.

Дар Барномаи давлатӣ таъкид карда мешавад, ки бе омӯзгори босалоҳият ҳеҷ барнома ва китоб натиҷаи воқеӣ намедиҳад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм таъминоти ҳама зинаҳои таҳсилотро бо кадрҳои забони англисӣ таҳлил ва эҳтиёҷоти минтақаҳоро муайян карда, тавассути муассисаҳои такмили ихтисос, марказҳои методӣ ва донишгоҳҳои омӯзгорӣ даврҳои мухталифи бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ташкил менамояд. Дар ин даврҳо ҳам барномаҳои нави сатҳӣ ва ҳам методикаи муосири коммуникативӣ, истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, омодасозии дарс бо такя ба маҳорати гуфтугуӣ ва арзёбии ташхисӣ омӯзонида мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 9029 омӯзгори фанни забони англисӣ дарс медиҳанд, ки аз ин шумора 6258 нафарашон занон мебошанд.

Бо мақсади омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ китобҳои дарсии насли муосир аз фанни забони англисӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир таҳия мегарданд. Ин китобҳо ҳамзамон ба хусусияти миллии мамлакат мутобиқ гардонида шудаанд.

Шурои миллӣ оид ба таҳсилот ва коршиносони миллӣ таҳлил ва такмили китобҳои мавҷудаи забони англисӣ ва роҳнамои омӯзгорро ба роҳ монда, барои синфҳои 3-11 китобҳои нави забони англисӣ ва дастури муфассали омӯзгорӣ дар асоси стандартҳои нав ва барномаҳои мутобиқгардида таҳия шуда истодаанд. Дар якчанд синф аллакай китобҳои насли нав озмоиш карда мешаванд, аз ҷумла китоби забони англисӣ барои синфи 3 дар шакли таҷрибавӣ истифода мешавад, ки дар он нақши асосӣ ба нутқи зинда, бозиҳои коммуникативӣ ва истифодаи расмҳо, аудио ва вазифаҳои лоиҳавӣ дода шудааст.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи масъули забономӯзӣ ташкил ва рушд додани маҳфилҳои забонӣ, «Speaking club», озмунҳои фаннӣ, лагеру даврҳои тобистонаи забондониро амалӣ менамояд.

Бояд иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқоту суҳбат бо аҳли маориф ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, таъкид бар он менамоянд, ки бояд забондон ва ҳамқадами замона бошем. Зеро ба таъкиди Сарвари давлат, дар шароити рушди босуботи ҳамкории байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд.

Дар воқеъ, бо тақозои замон имрӯз ҳар фарди бедордил бояд фарзандонро ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ роҳнамоӣ кунад, онҳоро, пеш аз ҳама, ба мутолиаи китоб ҷалб карда, барои баланд бардоштани маърифатнокии насли наврас саъю талош намояд. Дар шароити кунунӣ бахусус ба омӯзиши забонҳои англисию русӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа бояд дод.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 4, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд