Ҳайати Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласа доир ба татбиқи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» иштирок намуд

Февраль 17, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи дуюм доир ба татбиқи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» (Time Release Study – TRS) баргузор гардид, ки дар он кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа, ки намояндагони  мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, инчунин коршиносони байналмилалиро ҷамъ овард, натиҷаҳои корҳои анҷомдодаи ҷаласаи якум, ки соли 2025 дар Тифлис баргузор гардида буд, инчунин табодули таҷриба ва муайян намудани қадамҳои минбаъдаи татбиқи методологияи TRS дар сатҳи миллӣ баррасӣ гардиданд.

Зимни муаррифии натиҷаҳои ибтидоии корҳои иҷрошуда  иттилоъ дода шуд, ки дар самти омодагӣ ба гузаронидани таҳқиқоти миллӣ тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла таҳлили расмиёти амалкунандаи барасмиятдарории гумрукӣ, муайян намудани марҳилаҳои асосии раванд, омодасозии заминаи методологӣ ва ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти марбута дар нуқтаҳои назорати сарҳадӣ андешида шудаанд.

Дар доираи муҳокимаҳо масъалаҳои такмили механизмҳои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, ҳамгироии натиҷаҳои TRS бо низоми идоракунии таваккал, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва муайян намудани нишондиҳандаҳои калидии самаранокӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон гурӯҳҳои корӣ таъсис шуда, харитаи роҳ (нақшаи амал) барои марҳилаи минбаъдаи татбиқи методологияи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид. Дар ин замина ба коҳиш додани вақти умумии барасмиятдарории гумрукӣ, баланд бардоштани шаффофият ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Коршиносони байналмилалӣ тавсия доданд, ки таҳқиқоти миллӣ мутобиқ ба стандартҳои Созмони ҷаҳонии гумрук бо фарогирии пурраи занҷираи ҳаракати мол гузаронида шуда, натиҷаҳои он барои таҳияи чораҳои амалӣ ҷиҳати бартараф намудани таъхирҳо ва такмили расмиёти гумрукӣ истифода гарданд.

Татбиқи пайгиронаи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гумрукӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ва беҳтар гардидани муҳити тиҷоратӣ дар мамлакат мусоидат менамояд. Ҳамчунин ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти дахлдор тақвият ёфта, мониторинги мунтазами нишондиҳандаҳои вақти барасмиятдарорӣ ба роҳ монда мешавад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 17, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд