Дар Душанбе тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаи гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо муовини Раиси Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон Надир Мусамухамедов баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо масъалаҳои муайян намудани арзиши гумрукӣ, татбиқи меъёрҳои боҷи воридотӣ, истифодаи усули захиравии арзёбӣ, инчунин рушди рақамикунонӣ ва табодули электронии маълумотро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сардори Хадамоти гумрук сатҳи баланди муносибатҳои байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро таъкид намуда, онҳоро бародарона ва стратегӣ арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки усулҳои амалкунандаи арзёбии гумрукӣ нисбат ба ҳамаи молҳо, новобаста аз кишвари истеҳсол татбиқ гардида, бар зидди ягон тараф равона нашудаанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ҷорӣ намудани механизмҳои иттилооти пешакӣ ва ҳамкории электронӣ оид ба молҳои транзитӣ, инчунин молҳо ва воситаҳои нақлиёте, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ интиқол меёбанд, зоҳир гардид. Татбиқи ин тадбирҳо ба содагардонии расмиёти гумрукӣ, коҳиш додани вақти барасмиятдарорӣ ва баланд бардоштани шаффофияти равандҳо мусоидат мекунад.
Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуда, ҳамкории электронӣ, табодули маълумот ва ҳамоҳангсозии фаврӣ байни сохторҳои масъул тақвият дода шавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки мувофиқаҳои бадастомада ба таҳкими муколамаи созанда, боло бурдани сатҳи эътимоди мутақобил ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкории гумрукӣ ба манфиати ҳарду давлат мусоидат хоҳанд кард.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






