Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид

Февраль 24, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳибкорӣ саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз ва дар шуғли аҳолӣ ба 70 фоиз расидааст. Дар ин хусус 23 феврал Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон – аъзои палата дар вилояти Суғд иттилоъ дод.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки дар заминаи сиёсати иқтисодии давлат ва дастгирии пайвастаи бахши хусусӣ фазои мусоиди сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам оварда шуд. Бахши хусусӣ имрӯз ба яке аз неруҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ табдил ёфта, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойи нави кор нақши муассир мегузорад.

Гуфта шуд, ки  соли 2025 дар қаламрави мамлакат 396 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 2422 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 66,7 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 22,1 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳандаҳо далели густариши иқтидори истеҳсолӣ ва таҳкими мавқеи бахши хусусӣ дар иқтисодиёти мамлакат мебошанд.

Баён гардид, ки Палатаи савдо ва саноат ҳамчун яке аз ташкилоти калони муттаҳидкунандаи бахши хусусӣ дар мамлакат барои ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои соҳибкорон тадбир меандешад. Ин ташкилот дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, ҳамтоёни хориҷӣ ва шарикони рушд дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ форумҳо ва сафарҳои тиҷоратӣ, намоишгоҳҳо ва даврҳои омӯзишӣ баргузор менамояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ таъкид шуд, ки густариши ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолӣ омили муҳими таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 24, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд