Дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 10 адад зиёд гардид
ДУШАНБЕ, 08.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. Соли 2025 дар ҷумҳурӣ шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 10 адад, истеҳсоли тухм 153,7 миллион дона ва гӯшти паранда 3419 тонна зиёд гардид. Дар ин хусус 29 январ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни нишастӣ матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки соли 2025 дар ҷумҳурӣ шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 232 ададро ташкил намуд. 140 адади он ба вилояти Суғд, 38 адад ба вилояти Хатлон, 54 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе рост омада, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10 адад зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии корхонаҳои мавҷуда 102 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 116 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионию чӯҷаи якрӯза машғул мебошанд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ соли 2025 13,1 миллион сар паранда парвариш ёфта, 1,4 миллиард дона тухм ва 50,8 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст. Яъне, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 саршумори паранда 1,2 миллион сар, истеҳсоли тухм 153,7 миллион дона ва гӯшти паранда 3419 тонна зиёд мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






