Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи соли 2026 дар вилояти Хатлон баргузориии Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» дар назар дошта шудааст. Соҳибкорони тоҷики муқими Русия барои иштирок дар ин форум даъват гардиданд. Дар ин хусус 27 феврал дар Федератсияи Русия зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо соҳибкорон, донишҷӯён ва дигар ҳамватанон иттилоъ дода шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар вохӯрӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки дар Русия кору зиндагӣ менамоянд, оид ба раванди татбиқи барномаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузорӣ ва баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон маълумот дод.
Дар мулоқот аҳамияти ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия барои таҳкими равобити ду мамлакат муҳим арзёбӣ гардид. Иброз шуд, ки соҳибкорон барои тараққиёти мамлакат ҳамчун шарики рушд бо истифода аз муҳити мусоиди сармоягузорӣ нақши фаъол мебозанд.
Ёдовар мешавем, ки 23 феврали соли равон ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки дар ин мамлакат кору зиндагӣ менамоянд, вохӯрӣ намуд.
Инчунин байни роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ҳукумати вилояти Пенза санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
АКС: АМИТ «Ховар»













Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






