Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи воқеии боғу токзор, парвариши зироат дар гармхонаҳо, ҳолати омодагии низоми обёрикунӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ барои таъмини оби полезӣ ва омодагии кишоварзон ба мавсими кишту кори баҳорӣ аз хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав боздид намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав иттилоъ медиҳад.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳи корӣ бо кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав суҳбат намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокии зироат ва боғу токзор ба кишоварзон маслиҳатҳои муфид ва тавсияҳо дод. Сулаймон Зиёзода зимни шиносоӣ бо майдони боғу токзор, саҳрои хоҷагиҳо ва иштирок дар маъракаи кишти картошка оид ба кишту кор дар заминҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, масъалаҳои таъминот бо тухмии босифат, нуриҳои минералӣ, техникаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обу замин суҳбат намуд.
Аъзои гурӯҳи корӣ ҳамзамон бо омодагии пойгоҳҳои обкашӣ дар ин шаҳру ноҳияҳо шинос гардид ва ба роҳбарияти Агентии давлатии беҳдошти замин барои таъмиру барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва насби насосҳои ба талабот ҷавобгӯ дастурҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон ба масъулини хоҷагиҳои кишоварзӣ барои боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи самараноки ҳар қитъаи замин, саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқворӣ ва иҷрои босифати дурнамои кишоварзӣ тавсия ва маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав











Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






