НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикстандарт» зиёда аз 1 миллион килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро ба қайд гирифт
ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 аз тарафи мутахассисони Агентӣ ба миқдори 1 миллиону 228 ҳазору 546 килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои муовини якуми директори Агентӣ Раҳмоншо Мирзоён, ин шумора соли 2024 1 миллиону 11 ҳазору 801 килограммро ташкил медод. «Соли 2025 дар озмоишгоҳҳои Агентӣ 18 ҳазору 896 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 104 ҳазору 258 килограмм равғани растанӣ, 6769 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 12 ҳазору 305 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 31 ҳазору 59 килограмм маҳсулоти қаннодӣ, 1939 килограмм консерва, 166 ҳазору 470 килограмм намак, 4323 килограмм меваи хушк, 6405 килограмм чой, какао, 51 ҳазору 915 килограмм орд, 255 ҳазору 153 килограмм маҳсулоти ғалладонагӣ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста шуда, аз муомилот гирифта шуданд.
Ба таъкиди муовини якуми директори Агентӣ, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2025 дар бораи эълон намудани мораторий ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ» аз 11 феврали соли 2025 ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ манъ гардид.
«Дар робита ба ин зимни вохӯрӣ ва машваратҳо бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақвият дода шуданд. Дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид гардидааст», -афзуд Раҳмоншо Мирзоён.
Ба иттилои муовини якуми директори Агентӣ, аз ҷониби соҳибкорон тибқи дархост 585 ҳазору 635 килограмм (500 ҳазор килограмм маҳсулот танҳо давоми моҳҳои май — декабри соли 2025) маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолаш гузашта буд, ба анбори нигоҳдории Агентӣ супорида шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд






