Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд

Февраль 23, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти корхонаҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва рушди  долонҳои  нақлиётӣ, ки Осиёи Марказиро бо бозорҳои ҷаҳонӣ мепайванданд, ба мувофиқа расиданд, иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ дар Душанбе бо Раиси Ҷамъияти саҳомии  «НК Қазоқ темир жолы» («Роҳи оҳани Қазоқистон») Талгат Алдибергенов мулоқот намуд, ки зимни он дурнамои ҳамкорӣ  баррасӣ  гардид. Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии  «НК Қазоқ темир жолы» ба муносибатҳои бисёрсолаи шарикӣ асос ёфта, ба таъмини алоқаи бефосилаи нақлиётӣ байни Тоҷикистон ва  Қазоқистон  равона карда шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот Протоколи дуҷониба дар бораи натиҷаҳои  ҳамкорӣ дар  соли 2025 ва нақшаҳо барои  соли 2026 ба имзо расид.

Инчунин иброз гардид, ки Қазоқистон давоми солҳои зиёд пайваста ба «сегонаи» бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дохил аст. Соли 2025 гардиши мол  байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 1,19 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан байни ду давлат 15,1 фоиз  афзоиш ёфта, ба 5,9 миллион тонна расид.

Тоҷикистон аз Қазоқистон асосан гандум, ҷав, равған, маҳсулоти нафтӣ,  фулузот, нуриҳои минералӣ ворид карда, ба ин кишвар пахта, алюминий ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда, инчунин  меваю сабзавот содир мекунад. Интизор меравад, ки афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва ташаккули хатсайрҳои самараноки нақлиётӣ ба ҳамкории иқтисодии байни кишварҳо такони иловагӣ мебахшад.

Роҳбарони маъмурияти роҳи оҳани ду давлат ба мувофиқа расиданд, ки корҳоро оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии хатсайрҳои роҳи оҳан, таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар минтақа, ҳамгироии минбаъдаи равандҳои логистикӣ, рақамисозии ҳуҷҷатҳо ва рушди якҷояи долонҳои  нақлиётӣ, ки Осиёи Марказиро бо бозорҳои ҷаҳонӣ мепайванданд, идома медиҳанд.

Раиси Ҷамъияти саҳомии «НК Қазоқ темир жолы» дар доираи сафар ба Тоҷикистон бо муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода  ва Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ   Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот намуд. Зимни он ҷанбаҳои  асосии таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ба таври муфассал баррасӣ ва самтҳои стратегии рушди иқтидори транзитӣ-логистикии ду давлат муайян гардиданд. Инчунин ба таъсиси долонҳои  самараноки нақлиётӣ ва афзоиши ҳаҷми боркашонӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад