Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад

Февраль 20, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад, иттилоъ додааст  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар доираи Саммити ҷаҳонии «AI IMPACT SUMMIT – 2026» дар Ҳиндустон  бо роҳбари бахши ҳамкорӣ бо давлатҳо аз ширкати «Google DeepMind» Оуэн Лартер мулоқот анҷом дода, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар самти зеҳни сунъиро баррасӣ намуд.

Гуфта шуд, ки дар доираи фаъолияти Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав кори такмили «SoroLLM» — модели забони миллӣ барои забони тоҷикӣ, ки аз ҷониби мутахассисони тоҷик таҳия шудааст, идома дорад. Ин раванд бо истифода аз модели пешрафтаи «Gemma» аз  «Google DeepMind» амалӣ мегардад. Модели асосии «SoroLLM» аллакай дар доираи ташаббуси миллии «Лоиҳаи Соро» дар 100 муассисаи таълимии мамлакат ҷорӣ карда шудааст.

Шералӣ Кабир ҳамчунин дар бораи лоиҳаи махсуси минтақаи зеҳни сунъӣ «Area AI» иттилоъ дод, ки дар доираи он ширкатҳои пешбари соҳаи зеҳни сунъӣ метавонанд таҳия ва содироти ҳалли муосири зеҳни сунъиро аз  Тоҷикистон дар асоси механизми «қумдони зеҳни сунъӣ» (AI Sandbox) ба роҳ монанд. Ширкатҳои байналмилалии «Perplexity», «Cerebras», «Supermicro» ва «Yotta» ҳоло аъзои Консорсиуми «Area AI» мебошанд.

Оуэн Лартер ба таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди моделҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ барои соҳаи маориф дар доираи лоиҳаи «Area AI» таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 20, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад