Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар самти рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ тақвият медиҳанд

Февраль 5, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ дар мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо   Раиси Агентии давлатии хизматрасониҳои давлатӣ ва инноватсияҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон  Улвӣ Меҳдиев дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳошияи «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо» баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусоҳибон инчунин масоили марбут ба ҷорӣ намудани равандҳои инноватсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро барои баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон таваҷҷуҳи махсус ба таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самти ташкили хизматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ зоҳир карда шуд.  Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар самти омӯзиши кадрҳо, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.

Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои ин вохӯрӣ ба таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва рушди минбаъдаи равандҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат мекунад.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 5, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд