Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои соли таҳсили 2026-2027 оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» иттилоъ медиҳад.
Барномаи мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки дар якчанд муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз рӯйи ихтисосҳои гуногун таҳсил намоянд. Қабули довталабон тибқи талаботи донишгоҳҳои қабулкунанда ва пас аз гузаштани мусоҳиба (Interview) амалӣ мегардад. Соли аввали таҳсил бо омӯзиши пешакии забони чинӣ оғоз гардида, баъдан таҳсил аз рӯи ихтисоси интихобшуда идома меёбад.
Довталабон метавонанд дар муассисаҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин аз рӯйи ихтисосҳои технологияҳои мехатроника, технологияҳои татбиқи компютер, ҳамширагӣ, технологияи тасвирбардории тиббӣ, терапияи барқарорсозӣ, дорусозӣ, тиҷорати электронӣ ва дигар ихтисосҳо таҳсил намоянд.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то 30 апрели соли 2026 пешбинӣ шудааст.
Довталабон метавонанд барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба шартҳои қабул, рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тартиби пешниҳоди онҳо ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 ё телефони 223-23-59 муроҷиат намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






