Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд

Март 16, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 16.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ифтитоҳи намоиши анъанавӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» дар байни навъҳои гуногуни сӯзаниҳо ва ҷомаву куртаҳои чакан, ки инъикосгари таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик мебошанд, чодар — гулдӯзии чакани мунаққаш, ки ба андозаи 6х6 метр омода карда шудааст, таваҷҷуҳи тамошобинонро бештар ҷалб намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи милии Тоҷикистон хабар доданд, ин чодари гулдӯзӣ аз ҷониби ҳунарманд Раҷабмоҳ Ғафурова ва 6 нафар чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб дар муддати 6 моҳ ба андозаи 6х6 метр омода карда шудааст.

Раҷабмоҳ Ғафурова иброз дошт, ки дар тӯли фаъолияти ҳунармандияш зиёда аз 60 адад чодари гулдӯзӣ офаридааст, ки дар байни онҳо ин гулдӯзии мунаққаш аз ҷиҳати ҳаҷм калонтарин аст.

«Имрӯзҳо ба тарбияи шогирдон машғул шуда, ба занону духтарони бекор ҳунари чакандӯзиро меомӯзам. Ҳунари омӯхтаи онҳо барои даромади молӣ овардан ба оилаашон мусоидат менамояд. Бисёре аз шогирдонам чеварони моҳир гаштаанду фармоиш гирифта, барои занону духтарон куртаи чакан медӯзанд»,-мегӯяд Раҷабмоҳ Ғафурова.

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО дар иҷлосияи солонаи худ, ки дар шаҳри Маврикий баргузор гардид, яке аз навъҳои гулдӯзии қадимӣ ва рушдёбандаи тоҷикон — «чакан» — ро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.

Гулдӯзии (кашидадӯзии) тоҷикон ҳунари нафиси қадима буда, яке аз шаклҳои санъати амалӣ –ороишии мардумӣ ва қисми муҳими мероси фарҳангии умумибашарӣ маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки намунаҳои волои гулдӯзии тоҷикиро дар аксар осорхонаҳои Тоҷикистон ва осорхонаҳои машҳури олам дидан мумкин аст.

Чакан дар сомонаи ЮНЕСКО чунин муаррифӣ карда шудааст: «Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 16, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад