Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид

Март 17, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 17.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  озмуни эҷодӣ таҳти унвони «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» байни донишҷӯён, ки бо мақсади гиромидошти шоҳасари Абулқосими Фирдавсӣ – «Шоҳнома» баргузор шуд, ҷамъбаст гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ хабар медиҳад, дар озмун корҳои эҷодии донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва дизайн ба намоиш гузошта шуда, иштирокчиён саҳнаҳои гуногуни достонҳои «Шоҳнома»-ро бо усулҳои мухталифи эҷодӣ, аз ҷумла бо чангаки бофандагӣ, шаббаҳои гуногунранг, инчунин тавассути расмҳои тасвирӣ бо истифода аз рангҳои ҷолиб ва услуби бадеӣ инъикос намуданд.

Дар фарҷоми озмун беҳтарин иштирокчиён бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Иброз гардид, ки баргузории чунин озмунҳо рамзи арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ба баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанг ва таҳкими худшиносии миллӣ дар ҷомеа, шиносоии бештари ҷавонон бо достонҳои қаҳрамонӣ ва ахлоқии «Шоҳнома» мусоидат менамояд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 

Март 17, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид