Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд

Март 15, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 15.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар доираи Форуми III ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон дар мавзуи «Таҳсилоти муҳандисӣ, технологияҳои рақамӣ ва ҳамкории саноатӣ» конференсия баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Зимни конфронс масъалаҳои мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон, ташкили барномаҳои таҳсилоти муштарак, амалисозии лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар доираи форум мавриди муҳокима қарор гирифт.

Иброз шуд, ки баргузории чунин форум ва конференсияҳо имконият фароҳам меоранд, ки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, таҳқиқоти илмӣ, рушди технологияҳои муосир ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадамро баррасӣ намоянд.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои густариши ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмию таълимӣ ҳамкории судмандро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон ба роҳ мондааст. Ҳамкорӣ дар заминаи созишномаҳо ва харитаҳои роҳ амалӣ гардида, ба рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, табодули академӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳкими иқтидори кадрӣ равона шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин форум Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо якчанд донишгоҳҳои Ҷумҳурии Узбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид.

 

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

Март 15, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд