Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад

Март 23, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Ба истифода додани неругоҳи офтобӣ норасоии неруи барқро дар мамлакат аз байн мебарад. Зеро панелҳои офтобӣ дастгоҳҳое мебошанд, ки энергияи офтобро ба неруи барқ табдил медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 иброз намуданд, ки «то соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт ба истифода дода мешавад. Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони неругоҳҳо бо иқтидори 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд».

Мувофиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» дар мамлакати мо, ки дар як сол 280-330 рӯзи офтобӣ ба қайд гирифта мешавад, неруи Офтоб ҳамчун манбаи дуюми энергияи барқароршаванда пас аз неруи об хеле мусоид аст.

Мувофиқи нишондиҳандаи Global Solar Atlas (PVOUT),  миқдори миёнаи тавлиди барқи солона аз насби системаи офтобии иқтидораш 1 кВт барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1400 — 1600 кВт- соат мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳангоми насби системаи офтобии иқтидораш 1 кВт дар Тоҷикистон дар як сол 1400-1600 кВт-соат энергия гирифтан мумкин аст. Нишондиҳандаи мазкур дар Олмон 700-1100 кВт-соат мебошад. Ин исбот менамояд, ки манбаъҳои энергияи офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 23, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид