Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 15.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис меёбад. Дар ин хусус зимни як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе, ки бо иштироки масъулини соҳаи кишоварзии мамлакат ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи картошкапарварӣ ва таъсиси пойгоҳи илмӣ барои олимону мутахассисон таъсис мегардад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ дар ноҳияи Деваштич ва тезонидани кори он чораҳои саривақтӣ андешида истодаанд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш иштирокдорон оид ба имкониятҳои истифодаи биотехнология барои мустаҳкам намудани низоми тухмипарварии картошка, таъмини истеҳсоли тухмии сертификатсияшуда ва ҳамоҳангсозии муассисаҳои илмӣ ибрози андеша намуданд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд






