Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд

Март 10, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нақши омӯзгорону мутахассисони соҳа дар ин самт, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Иштирокдорони конференсия оид  ба аҳамияти таҳкими солимии равонӣ дар муҳити таълимӣ, нақши омӯзгор дар ташаккули шахсияти солими хонандагон ва зарурати тақвияти ҳамкории мутахассисони соҳа дар ҳалли масъалаҳои мавҷуда ибрози назар намуданд.

Коршиносон атрофи масъалаҳои марбут ба ҳифзи солимии равонии хонандагон, пешгирии мушкилоти равонӣ дар муҳити таълимӣ, таҳкими нақши омӯзгорон ва ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таълимӣ мубодилаи афкор намуда, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

Иброз гардид, ки фаъолияти бонизом ва самараноки равоншиноси муассисаҳои таълимӣ насли наврас ва ҷавонро дар руҳияи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва риояи ахлоқи ҳамида тарбия мекунад.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар шароити имрӯзаи мураккаби иҷтимоӣ ва равонӣ, ки ҷавонон дар муҳити пур аз иттилооти зудтағйирёбанда қарор доранд, нақши равоншинос дар муассисаҳои таълимӣ беш аз ҳар вақти дигар муҳим аст. Агар омӯзгор ба хонандагон дониш меомӯзонад, равоншинос вазифадор аст ба хонанда чӣ гуна бо мушкилоти эҳсосӣ мубориза бурдан, худро шинохтан ва ёфтани роҳи дурусти бартарафсозии мушкилотро нишон диҳад.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Март 10, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад