Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд

Март 16, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 16.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро: мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо» машварати омӯзишӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти иҷро хабар медиҳад.

Машварат дар заминаи татбиқи «Барномаи рушд ва рақамикунонии мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» доир гардида, ҳадафи он таҳкими иқтидори касбӣ, такмили донишҳои соҳавӣ, таҳлили амиқи мушкилоти амалии фаъолияти истеҳсолоти иҷро ва муайян намудани механизмҳои муассири бартарафсозии онҳо буд.

Тибқи барномаи машварат, машғулият дар шакли маърузаҳои таҳлилӣ, мубоҳисаҳои касбӣ ва омӯзиши ҳолатҳои амалӣ баргузор гардид. Мутахассисони соҳа ва шахсони масъул масъалаҳои мубрами танзими давлатӣ дар самти истеҳсолоти иҷро, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани самаранокии назорати дохилиидоравӣ ва таҳкими интизоми хизматиро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои гузариши марҳилавӣ ба низоми пурраи рақамикунонӣ, ҷорӣ намудани унсурҳои ҳукумати электронӣ, такмили Системаи иттилоотии автоматикунонидаи Хадамоти иҷро, таъмини шаффофият ва дастрасии саривақтии хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин баррасии босифат ва фаврии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зоҳир гардид.

Иштирокчиён доир ба мушкилоти амалии фаъолият, аз ҷумла иҷрои санадҳои судӣ, ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва баланд бардоштани масъулияти касбӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намуда, тавсияҳои методӣ дарёфт карданд.

Машварати омӯзиши се рӯз идома ёфта, ба иштирокчиён сертификати хатм супорида шуд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 16, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд