Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло фасли баҳор ва айёми корҳои кишоварзӣ барои ризқу рӯзии фаровон ва баракати дастархони мардум фаро расидааст. Бинобар ин, кишоварзонро зарур аст, ки рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода карда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон кӯшиш намоянд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии иди сайиди Фитр таъкид намуданд.
Дар робита ба ин Сарвари давлат аз ояти 61-и сураи «Ҳуд»-и Қуръони карим мисол оварданд: «Ӯ шуморо аз замин падид овард ва ободонии онро бар шумо вогузошт».
Пешвои миллат тазаккур доданд, ки вазъи бисёр нобасомону ҳассоси ҷаҳони муосир боиси боз ҳам шиддат гирифтани норасоии маводи ғизоӣ ва болоравии минбаъдаи нархҳо мегардад ва мо набояд инро фаромӯш созем.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҳар фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус дар ин рӯзҳо бо назардошти суннатҳои неки аҷдодӣ ва дар асоси фармудаҳои дини ислом барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими сулҳу субот, густариши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ободиву оромии Ватани азизамон саъю кӯшиш карда, дар раванди бунёдкориву созандагӣ ва пешрафту сарсабзии кишварамон саҳм мегузорад.
Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таълимоти дини мубини ислом моро ҳидоят медиҳад, ки покиву назофатро аз худ ва хонаву дари хеш, хайру саховатро аз аҳли оилаву наздиконамон ва ваҳдату ягонагиро аз садоқатмандиву масъулиятшиносӣ дар анҷоми рисолати ватандориву ватансозӣ оғоз намоем.
АКС аз бойгонӣ








Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд






