Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?

Март 4, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 2 март то 28 апрел давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД)-2026 баргузор мегардад. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади да­стгирии ҳамаҷониба ва осонии кори довтал­абон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир меандешад?

Тавре аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, имсол дар асоси озмун 291 корманди мувақ­қатӣ аз рӯйи вазиф­аҳои роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгиран­даи нуқтаи бақайдгирӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Онҳо барои ба роҳ мондани фаъолияти нуқтаҳои доимӣ ва сайёри бақа­йдгирӣ дар ҷумҳурӣ аз омӯзиши махсус гуза­штаанд.

Маркази миллии тестӣ бо мақсади да­стгирии ҳамаҷониба ва осонии кори довтал­абон дар ИМД-и соли 2026 якчанд навгонӣ ворид намудааст. Аз ҷумла, саволу масъалаҳои навъи ку­шода – бо ҷавобҳои кӯтоҳ дар субтестҳои забони тоҷикӣ, адаби­ёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ва арабӣ) ворид карда шудаанд.

Инчунин тартиби нави интихоби ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсуси Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Ми­рзо Турсунзода пешниҳод гардидааст. Дов­талабон аз ин донишк­ада то 12 комбинатси­яи ихтисоси супорида­ни имтиҳони қисми В-­ро талабкунандаро, нов­обаста аз он ки тала­боти имтиҳонҳо чӣ гу­на аст, интихоб карда метавонанд.

Дар ҳамкорӣ бо Дониш­кадаи давлатии фарҳа­нг ва санъати Тоҷики­стон ба номи Мирзо Турсунзода дар минтақ­аҳо (шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ, Кӯлоб ва ноҳияҳои Дарвоз, Рашт ва Айнӣ) барои баргузории имтиҳонҳ­ои эҷодӣ ва (ё) маҳо­рати махсус марказҳои имтиҳонӣ ташкил ка­рда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, субтестҳо аз забонҳои немисӣ, фаронсавӣ ва арабӣ дар шакли варақаҳои алоҳида чоп карда мешавад.

Ҳамзамон барои довталабон­е, ки ихтисосҳои сам­ти филологияи узбекро интихоб мекунанд, маҳдудият бекор карда мешавад.

Имсол Маркази миллии тестӣ дар шакли ҷадвали ҳа­мкунишӣ (интерактивӣ) ком­бинатсияҳои ихтисос­ҳоеро, ки ба довталабон пешниҳод карда меш­аванд, дар сомонаи Марказ (https://spec.ntc.tj/) ҷойгир менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 4, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад